Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 28 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии созмони мазкур доир мегардад, бо сафари корӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони як қатор кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони расмии Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон самимона истиқбол гирифтанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






