Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мактаби байналмилалии Президентиро ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Маҷмааи навбунёди фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимии шаҳраки Балх бинои хуштарҳу муосири Мактаби байналмилалии Президентиро ба истифода дода, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру роҳнамоии бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Раҳматулло Саъдуллоев ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.
Барои таълиму тарбияи насли ояндасоз дар ин даргоҳи маърифат 75 нафар омӯзгор ба кор ҷалб карда шуд.
Таълимгоҳ нахустин Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон буда, аз се ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, таълими меҳнати писаронаю духтарона, китобхона, кабинетҳои омӯзгорону роҳбарият, ҳуҷраҳо барои баргузории маҳфилҳои гуногун ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, тамоми синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёнияти таълимии соҳа, аз ҷумла, компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ таъмин карда шудаанд. Мактаб ҳамчунин дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.
Маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва вохӯриҳо хеле мувофиқ аст.
Ошхонаи мактаб барои 300 нафар дар як вақт пешбинӣ гардида, толору майдончаи варзишии он бо тамоми шароиту меъёрҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.
Бино бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон гармии тамоми синфхонаҳо пурра таъмин карда мешавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






