Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант Корхонаи истеҳсоли оби ҷавро мавриди истифода қарор доданд

Март 20, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли оби ҷави Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар доираи «Солҳои рушди саноат» 2022-2026 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода сохта шудааст.

Бо таъсиси корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Левакант дар ду баст 250 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла ҷавонони соҳибтахассуси тоҷик ва бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки хати муосири технологӣ аз ширкати аврупоии (Zip Technology) харидорӣ ва дастрас гардида, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ васлу насиб гардидааст. Айни замон хатҳои истеҳсолиро пурра мутахассисони тоҷик назорат ва идора менамоянд.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 20 ҳазор литр оби ҷав мебошад. Дар корхонаи навбунёд 14 намуди маҳсулот, аз ҷумла оби ҷави равшан, торик, шаффофшуда, ношаффоф ва оби ҷави ғайриспиртӣ бо тамъи меваҷот истеҳсол мегардад.

Ҳамчунин дар корхона истеҳсоли квас низ ба роҳ монда шудааст, ки дорои сифати баланд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои пешбурди фаъолияти босамар чор мутахассиси баландихтисоси хориҷӣ, аз ҷумла технолог, сардори озмоишгоҳ ва муҳандис низ ба кор ҷалб гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкори ватандӯстро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, ба муассисон барои таъсиси корхонаи нави саноатӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ изҳори сипос намуданд.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли оби ҷав дар шаҳри Левакант 20.03.2022

 

Март 20, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд