Шералӣ Кабир аз якчанд корхонаи саноатии Панҷакент боздид кард

Март 28, 2022 10:16

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 25-26 март аз якчанд корхонаҳои шаҳри Панҷакент боздид намуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Тибқи хабари манбаъ, Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар ҷараёни сафар бо вазъи фаъолияти ҶДММ КМ  «Зарафшон»  ва корҳои сохтмонӣ шинос шуд. Гуфта шуд, ки дар назди ин корхона ҶДММ «Маводи ба фарсудашавӣ тобовар»  ба фаъолият оғоз менамояд, ки ба истеҳсоли саққо машғул мешавад. Аслан ин маҳсулот барои майда кардани санг лозим буда, қаблан аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дастрас мегардид.

Дар маркази хизматрасонии «Убайдулло» коргоҳҳои дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ, маркази дандонпизишкӣ ва коргоҳи истеҳсоли мебел ба истифода супорида мешаванд. Ба Шералӣ Кабир иттилоъ доданд, ки бо баистифодадиҳии иншооти мазкур беш аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Аз ҷумла, 70 нафар дар коргоҳҳои дӯзандагӣ, 40 нафар дар мағозаҳои фурӯши либоси мактабӣ, коргоҳи истеҳсоли  мебел ва маркази дандонпизишкӣ фаъолият менамоянд.

Инчунин Шералӣ Кабир аз ҶСП «Мармари Саразм», ҶДММ «Парандис» ва ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» дидан  намуда, ба масъулин барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дастур дод.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Март 28, 2022 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад