Ширкати ҳавопаймоии «Сибирь»-и Русия парвозҳояшро ба Тоҷикистон муваққатан қатъ менамояд
ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия «Сибирь» эълон кард, ки дар қатори дигар давлатҳо парвозҳояшро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муваққатан қатъ менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ширкати ҳавопаймоии «Сибирь» эълон кард, ки ба тамоми мусофироне, ки аз ин ширкат чипта харидорӣ намудаанд, маблағи чиптаро пурра бармегардонад.
Дар айни замон вобаста ба амалишавии парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия аз ҷониби мақомоти авиатсияи граждании кишвар ягон маҳдудият ва монеа татбиқ нашудааст.
Бояд гуфт, ки дар хатсайрҳои ҳавоии ҷонибҳо панҷ ширкати ҳавопаймоӣ – «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон, «ЮтЭйр», «Сибирь», «Уральские авиалинии» ва «Северный Ветер»-и Русия парвозҳои мунтазами байналмилалиро амалӣ менамуданд.
Дар аввали моҳи марти соли равон нисбатан кам гардидани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба мушоҳида мерасад. Сабаби он байни ҷонибҳо ба қабули қарори муваққатан манъ кардани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Русия — «Сибирь» рабт дорад.
Инчунин ширкати дигари Русия – «Северный Ветер» қарор қабул кард, ки парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон маҳдуд намуда, як қисми парвозҳояшро муваққатан қатъ намояд. Новобаста ба ин, Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи хатсайрҳо ва афзоиш додани парвозҳо чораҷӯӣ намуда, дар ин самт бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷи дуру наздик ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорию корбарӣ намуда, барои ташкили хатсайрҳои зарурӣ тадбирҳои дахлдор меандешад.
АКС: © Sputnik / Александр Кряжев








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






