ШУМОРАИ НАВБАТИИ БЮЛЛЕТЕНИ ИДМ ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС НАШР ГАРДИД. Дар бахши вобаста ба Тоҷикистон маводи АМИТ «Ховар» чоп шудааст
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии 103-юми бюллетени иттилоотии «Дар бораи чораҳои мубориза бо коронавирус дар кишварҳои ИДМ» (аз 18 то 24 декабри соли 2022), ки аз ҷониби Департаменти иттилоотӣ ва таҳлилии Кумитаи Иҷроияи ИДМ чоп шудааст, ба нашр расид.
Дар асоси бахши бюллетен дар бораи Тоҷикистон маводи АМИТ «Ховар» аз 19 марти соли равон таҳти унвони «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 54 мошини нави ёрии таъҷилӣ гирифт» таҳия шудааст. Дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Дар чаҳорчӯби ҳамкории дуҷонибаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷопон 54 адад мошини ёрии таъҷилӣ, аз ҷумла 34 мошини хурду калони ба шароити кӯҳистон мутобиқ дар доираи лоиҳаи грантии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дода шуд. Нақлиёт аз дефибриллятор, фишорсанҷ, баллони оксиген, занбар (носилка) барои интиқоли беморон ва маҷмӯи асбоби реаниматсионӣ барои расонидани ёрии аввалин ба беморон иборат мебошад. Мавҷуд будани ин гуна мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои боз ҳам беҳтар шудани хизмати тиббӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ҳиссаи калон мегузорад. Рӯзҳои наздик боз 40 адад чунин мошини ёрии таъҷилӣ вориди Тоҷикистон мешаванд».
АКС: скриншоти муқоваи бюллетен








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






