СММ: Ҷаҳонро бинобар воқеоти Украина гуруснагӣ таҳдид мекунад

Март 16, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар сурати қатъ шудани интиқоли гандум аз Русия ва Украина якчанд минтақаи ҷаҳон ба камбуди ғизо ва гуруснагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Барномаи ҷаҳонии озуқавории (БҶО) СММ  Томсон Пири изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти созмони умумиҷаҳонӣ.

Хавфи гуруснагӣ дар ҷаҳон

Томсон Пири таъкид намуд, ки ба Украина ва Русия 30 дарсади содироти ҷаҳонии гандум, 20 дарсади содироти ҷуворимакка ва 76 дарсади офтобпараст рост меояд. Ӯ изҳор дошт, ки халалдор шудани  истеҳсолот ва раванди занҷиравии таъминот нархҳоро боло мебаранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа миллионҳо нафар одамоне, ки аллакай аз таварруми ғизо таъсири манфӣ дидаанд, зарар хоҳанд дид. Намояндаи ин созмон афзуд, ки вазъи феълӣ хароҷоти фаъолияти Созмони ҷаҳонии озуқаро афзоиш медиҳад.

«Ҳавзаи баҳри Сиёҳ, ки ҳамчун хирмани ғаллаи Аврупо маъруф аст, яке аз муҳимтарин минтақаи истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб мешавад»,-гуфт намояндаи СММ. Мавсуф ёдовар шуд, ки 30 дарсади содироти ҷаҳонии гандум, 20 дарсади ҷуворимакка ва 76 дарсади офтобпараст ба Украина ва Русия рост меояд.

Чанде пеш нашрияи олмонии Deutsche Wirtschafts Nachrichten низ пешгӯӣ карда буд, ки болоравии нархи гандум метавонад боиси гуруснагӣ дар ҷаҳон гардад. Нашрия зикр кардааст, ки бузургтарин таъминкунандагони гандум — Русия ва Украина ҳоло аз кишварҳои дигар ҷудо шудаанд.

Таҳлилгари Commerzbank Карстен Фрич тавзеҳ дод, ки то 30 дарсади гандум дар ҷаҳон ба Русия ва Украина рост меояд. Фрич иброз намуд, ки ҳоло ин кишварҳо аз дигар давлатҳо канда шудаанд, бинобар ин ӯ бидуни ғаллаи Русия гуруснагии ҷаҳониро пешгӯӣ кардааст.


«Гандум аз ҳарвақта дида гаронтар шудааст ва дар бисёр кишварҳо буҳрони гуруснагӣ дар назар аст», — навиштааст нашрия.

Нашрия зикр мекунад, ки коҳиши захираи бузургтарин содиркунандагони гандум – Иттиҳоди Аврупо, Русия, ИМА, Канада, Украина, Аргентина, Австралия ва Қазоқистон – буҳрони таъминотро шадидтар хоҳад кард. Дар айни замон захираи ғалла ба 57 миллион тонна мерасад, ки ин нишондиҳандаи минималии нуҳсола ба ҳисоб меравад. Ин гуна ҳаҷми ғалла ба ҷаҳон барои 27 рӯз кофӣ хоҳад буд ва бидуни захираҳои Русия ва Украина — камтар аз 21 рӯз.

Қаблан эълон шуда буд, ки арзиши гандум дар тӯли чандсолаҳо аз болотарин нишондиҳанда будааст. Ширкати амрикоии MarketWatch хабар дод, ки арзиши он дар биржаи Чикаго (CME) 3 март бо далели тарси қатъи интиқоли ғалла аз соли 2008 то ҳадди аксар боло рафт.

Шӯрои Байналмилалии ғалла (IGC) ҳушдор додааст, ки захираҳои асосии содиркунандагони гандум (Иттиҳоди Аврупо, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Украина, Аргентина, Австралия ва Қазоқистон) то охири соли ҷорӣ 2021/22 (июл-июн) ба ҳадди пасттарини нуҳсола, яъне 57 миллион тонна коҳиш меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Reuters. Ба ҳиссаи ин кишварҳо панҷяки захираҳои ҷаҳонӣ рост меояд, дар ҳоле ки истеъмоли гандум дар ҷаҳон бояд 781 миллион тонна бошад.

Мушкилоти болоравии нарх ва таъминоти гандум ба тамоми кишварҳо таъсир расонд

Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Жилбер Унгбо ҳушдор дод, ки буҳрони давомдор метавонад таъминоти зироати асосиро маҳдуд кунад ва боиси болоравии нархи ғизо ва гуруснагӣ гардад. Ба гуфтаи ӯ, махсусан барои онҳое, ки ҳоло оилаи худро бо мушкилӣ ғизо медиҳанд, душвор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло Африқои Шарқӣ ба гуруснагӣ наздиктар аст: дар минтақаи Африқо се мавсими боронгариҳо ҳосили киштро нобуд карда, талафоти зиёди чорво ба бор оварданд, камбуди обу чарогоҳ боиси низоъҳои байни ҷомеаҳо гардидааст. Ба гуфтаи директори минтақавии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Африқои Шарқӣ Майкл Данфорд, пешгӯиҳо дар ин маврид танҳо манфӣ мебошанд.

Дар Миср бори нахуст дар тӯли чаҳор даҳсола ба далели авзоъ дар Украина, ки ба интиқоли гандум ба ин кишвари африқоӣ таъсир расонд, нархи нон имкон дорад боло равад. Дар ин бора Bloomberg хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти СММ, Русия ва Украина соли 2020 86 дарсади воридоти гандуми Мисрро таъмин намуданд. Вазъият дар Украина боиси болоравии нархи ғалла гардид – он ба баландтарин сатҳ дар тӯли даҳсола расид.

Болоравии нархи маводи ғизоӣ ба рушди эътирозҳои «Баҳори араб» дар Миср даҳ сол пеш мусоидат кард, аз ин рӯ вазъ барои ин кишвари африқоӣ махсусан нозук аст. Аллакай солҳои зиёд аст, ки дар мамлакат нони аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳамчун ёрии моддӣ таъйиншуда, ки қариб 70 миллион нафар одамон ба он ҳуқуқ доранд, фурӯхта мешавад. Захираи кунунии гандум дар Миср ҳадди ақалл чаҳор моҳ боқӣ хоҳад монд, аммо ба далели авзоъ дар Украина воридоти он қатъ гардидааст, ки ин метавонад ба боз ҳам гаронтар шудани қимати ғалла ва баъдан нон оварда расонад. Нархи миёнаи гандуми воридотӣ аз 250 доллар дар соли 2021 то ҳудуди 350 доллар барои як тонна боло рафтааст.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки мансабдорон кайҳо боз мехостанд қимати нонро боло баранд ва ҳоло ин имконро ба онҳо «дар табақи тиллоӣ» додаанд. Аз байн бурдани ёрии моддӣ ба миллионҳо мисриён таъсири манфӣ мерасонад, аммо он ба таҳкими молияи давлатӣ кумак хоҳад кард. Мақомоти Миср барои воридоти гандум тақрибан 22 миллиард фунти мисрӣ (қариб 1,4 миллиард доллар) ва 18 миллиарди дигар (1,1 миллиард доллар) барои кумак ба тавлидоти маҳаллӣ ҷудо кардаанд. Ҳукумат умедвор аст, ки ҳосили маҳаллӣ то моҳи ноябр талаботи истеъмолкунандагонро таъмин хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Миср Абдулфаттоҳ Халил Ас-Сисӣ соли 2021 даъват ба амал овард, то нархи нони субсидияшаванда барои сабук кардани бори молияи давлатӣ баланд карда шавад. Ҳукумат инчунин масъалаи коҳиши барномаи субсидияро баррасӣ мекунад, то танҳо тақрибан 25 миллион мисрӣ ҳуқуқи гирифтани нон дар доираи онро дошта бошанд.

 

АКС: Алексей Витвитский / РИА Новости, ИЗВЕСТИЯ/Константин Кокошкин

Март 16, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид