«ТАБИАТ БОЗ ХАНДОН ШУД, БАҲОРОН ШУД!». Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи аввалини баҳор аст
ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март рӯзи аввали фасли баҳор аст. Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин, дар Тоҷикистон онро инчунин «арӯси сол» ва фасли пурфайз меноманд.
Устод Рӯдакӣ дар баҳорияи зер омадани фасли баҳор ва зинату ороиши нав пайдо кардани табиатро хеле табиӣ тасвир кардааст:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб,
Шояд, ки марди пир бад- ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.
Як сабаби баҳорро дӯст доштани мардуми тоҷик он аст, ки дар ин фасл Тоҷикистон ба гулистону бӯстон табдил меёбад ва аз тамошои табиати дилрабои он чашми кас сер намешавад. Аз накҳати атрогини ҳавои баҳории сарзамини тоҷикон кас роҳат мебарад. Дар зери кӯҳҳои сарбафалаки пур аз барф рӯидани гулҳои сияҳгӯшу лоларо дида, сайри табиати дилфиреби онро намуда, шукрона мекунем, ки чунин Ватани дорои табиати нотакрор дорем. Тавре шоир мегӯяд:
Ҳаво гарму замин нарму гулу себарга рақсон шуд.
Табиат боз хандон шуд. Баҳорон шуд! Баҳорон шуд!
Айёми эътидоли баҳорӣ
Муовини директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «вақти ивазшавии фаслҳоро мо мушоҳида карда метавонем. Чунки Офтоб бо дигар ҷирмҳои осмонӣ ҳаракати хос дорад, ки онро дар илми астрофизика ҳаракати осмонии Офтоб меноманд. Ин маврид тавассути ҳодисаҳои тағйирёбии осмони ситоразор ва тағйирёбии нимарӯзии баландии Офтоб мушоҳида мегардад».
Мавсуф зикр намуд, ки тағйирёбии якум дар он ифода меёбад, ки мо ҳар бегоҳ як-ду соат пас аз ғуруби Офтоб ба ҷойгиршавии бурҷҳо дар осмон назар меафканем ва ин манзараро ба хотир мегирем. Пас аз гузашти як-ду моҳ вақте онро такроран мушоҳида намоем, мебинем, ки манзараи ситораҳои осмон тағйир ёфтааст. Яъне, бурҷҳое, ки пештар дар қисмати ҷанубии осмон ҷойгир буданд, ҳоло дар қисмати ғарбӣ қарор гирифтаанд.
Ҳолати дуюм- ин тағйирёбии баландии Офтоб дар нимаи рӯз аст. Дар он дар натиҷаи ҳаракати солонаи Офтоб баландӣ нисбат ба ҳамвории уфуқ дар ҳоли тағйирёбӣ қарор мегирад. Таҳқиқи ин маврид нишон медиҳад, ки тағйирёбии баландии Офтоб аз рӯзҳои «инқилоби зимистона», яъне баъди 31 декабр (шаби Ялдо) ба вуҷуд меояд ва он сад рӯз то ба Наврӯз ҳисоб карда мешавад.
Ба андешаи Фирӯза Раҳматуллоева, давраи кураи осмонро, ки онро ба ду нимкура ҷудо мекунад, экватори осмон меноманд. Экватор ҳамвории уфуқро дар нуқтаҳои шарқу ғарб мебурад. Аз ҳамин лиҳоз дар рӯзи 20 ё 21 март Офтоб хати экваторро бурида, аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Маҳз дар ҳамин вақт Наврӯз (баробаршавии шабу рӯз) ба вуҷуд меояд. Яъне, дар ин айём шабу рӯз баробар- дувоздаҳсоатӣ мешаванд.
«Соле, ки накӯст…»
Агар мо фасли баҳорро зиндашавии табиат гӯем, онро фасли марди деҳқон низ меноманд. Зеро баҳор оғози кишту кор, фасли эҳё, мавсими рангорангиҳои зебои табиат, замонест, ки кишоварз дар такопӯ афтода, барои пур кардани хони мардум заҳмат мекашад.
Ба андешаи марди деҳқон, кишту кор ва рӯёнидани ҳосили фаровон баробари заҳмат аз обу ҳаво низ вобастагӣ дорад. Агар дар моҳи март бориш зиёд шавад, неъмати замин месабзад.
Агентии обуҳавошиносии мамлакат пешгӯӣ намудааст, ки моҳи март дар Тоҷикистон бориш дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии раъду барқ, боридани жола, фаромадани тормеғ (туман) ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.
Ба гуфти доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, «агар вазъи обу ҳаво бад нашавад ва барфу сармо наояд, он гоҳ бо боварӣ метавон гуфт, ки имсол барои деҳқонони тоҷик соли бобарор хоҳад буд. Агар онҳо тамоми талаботи агротехникии кишту парвариши зироатро дар вақташ иҷро кунанд, он гоҳ метавонанд ҳосили хуб ба даст оранд».
Дар ин фасл барои дарахтони мевадиҳанда боридани борон аҳамияти муҳим дорад. Ба растаниҳои дар гармхонаҳо парваришёбанда вазъи обу ҳаво аслан таъсир намерасонад. Барои сабзавоткороне, ки онро дар шароити табиӣ парвариш мекунанд, вақти шинондани ниҳолҳо оғоз меёбад.
«Бориш ба замин таъсири судбахш дорад, баҳори бебориш ба ҳосил таъсир мерасонад. Беҳуда намегӯянд: «Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост»,- зикр намуд мавсуф.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонӣ ва АМИТ «Ховар»