«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва «Амонатбонк» бо тамаддуни бостониамон шинос шуданд

Март 15, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилоти ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба аз намоиши мероси нодири ниёгони миллати тоҷик — «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки имрӯзҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён дорад,​ дидан намуданд, иттилоъ медиҳад ​АМИТ «Ховар» бо истинод ба ФИКМТ.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфта буд. Баргузор гардидани намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон ​ дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯст- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса нақши бузург бозид.

Ба василаи ёдгориҳои таърихӣ, ки аз қаламрави кишвари мо пайдо шудаанд, таъриху фарҳанги қадимии тоҷикон, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногун, мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ, зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо мақсади муаррифӣ намудани тамаддуну фарҳанги қадимии тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадимӣ, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, ташкил шудааст. Дар намоишгоҳ ҳудуди 300 адад ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, имкон фароҳам меорад, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шавем.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни боздид аз намоишгоҳ изҳор дошт, ки “маҳз тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои мухталифи ҷомеа, бахусус фарҳанг дар пояи чашмгир рушд намудааст. Мо, мардуми тоҷикро мебояд ҷиҳати тарбияи фарҳангии ҷавонону наврасон ҷаҳду талош намоем, то насли оянда аз тамаддуни фарҳангии ниёгонамон баҳраманд гардад”.​

Кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» низ дар радифи дигар вазорату идораҳои мамлакат намоиши нодири мероси ниёгонро таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» тамошо намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Кормандони «Амонатбонк» зимни тамошои намоиши нодири мероси ниёгон бо фарҳангу тамаддуни бостониамон, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад, аз наздик шинос гардиданд.

Кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» зимни боздид аз намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» имкон пайдо намуданд, ки бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидаанд, инчунин ёдгориҳои таърихии Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук ва Аҷинатеппа шинос гарданд. Нигораҳои ба намоиш гузошта ба сокинони кишвар ва сайёҳону меҳмонон имкон медиҳанд, ки дар бораи таъриху тамаддуни қадимии миллати тоҷик ва сарзамини Тоҷикистон бештар маълумот гиранд ва ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод- «Оини зардуштӣ», «Империяи Ҳахоманишиҳо», «Давлати Юнону Бохтар», «Империяи Кушониён» ва «Давлати Сосониён» ғанӣ гардонанд.

Дар айни замон ба хотири боздид аз Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон кормандони муассисаю ташкилот, корхонаҳо, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе ҳамарӯза ба ин ҷо омада, бо фарҳангу тамаддуни ​ қадимии тоҷикон шинос мегарданд.


 

АКСҲО: ФИКМТ ва БДА ҶТ «Амонатбонк»

Март 15, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд