Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар низоми бонкӣ густариш медиҳанд

Март 17, 2022 16:34

ДУШАНБЕ,17.03.2022/АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дипломати Ҳиндро бо вазъи макроиқтисодии кишвар — низоми бонкӣ шинос намуд. Зикр гардид, ки баъди давраи COVID-19 барқароршавии иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла низоми бонкӣ хуб буда, рушди воқеии иқтисодиёт дар ҷамъбасти соли 2021 таъмин гардид ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ фаъолияти худро бо фоида ҷамъбаст намуда, иҷрои меъёрҳои асосии мақбулро таъмин карданд.

Ҳоким Холиқзода ҳавасмандии худро ба густариши муносибатҳои низоми бонкӣ бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла ба масъалаи барпо кардани муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии ду давлат, кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои Ҳиндустон, тавсеаи ҳамкории мутақобили низомҳои пардохтӣ, имконияти таъсис додани намояндагиҳои бонкҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон изҳор дошт. «Бо назардошти низоми бонкии рушдёфтаи Ҷумҳурии Ҳиндустон ва амалияи пешрафта вусъат додани муносибатҳои боэътимод бо бонкҳои Ҳиндустонро ба манфиати кор медонем», — изҳор намуд Ҳоким Холиқзода.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз имкониятҳои низоми бонкии Ҳиндустон, марказҳои муосири протсессингӣ, ки ба тамоми кишварҳои мутараққӣ баромад доранд, инчунин коргоҳи чопи пул ва ғайра маълумот дод.


«Барои рушди бемайлони ҳамкорӣ миёни низоми бонкии Ҳиндустону Тоҷикистон зарурати баргузории видеоконфронси муштарак барои муҳокимаи масъалаҳои зикршуда зарур ва ба манфиат хоҳад буд»- зикр намуд Сафири Ҳиндустон.

Дар анҷом Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуд.

Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкории судманд омодагии худро иброз доштанд.

 

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 17, 2022 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд