Тоҷикистон ва Туркманистон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро муҳокима карданд

Март 4, 2022 14:23

ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар ҳошияи Конфронси байналмилалии зиддитеррористии Тошканд вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Ҳоҷиев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» замина пайдо намуд.

Аз моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва аз 26 июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санад ташкил медиҳад, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориро ба танзим медароранд.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд дорои ҳусни эътимод буда, ба дастгирии мутақобил асос меёбанд. Президентҳои ду кишвар борҳо сафарҳоро ба давлатҳои ҳамдигар анҷом додаанд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ки 3-5 августи соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хосса дорад. Зимни сафари мазкур бастаи сершумори санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Гузашта аз ин, 6 августи соли 2021 пас аз фарҷоми сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза” баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Шоистаи зикр аст, ки дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар доираи он вохӯрӣ баргузории Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушд ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

17 сентябри соли 2021 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҷиҳати иштирок дар Саммити ҷашнии СҲШ, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ сурат гирифт, ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар густариш ва таҳкими минбаъдаи шарикии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Ҷаласаи навбатии 10-уми ин комиссия 28-29 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 4, 2022 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи иқтисод баррасӣ гардиданд
Дар Анқара рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Ҷаласаи раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Австрия мулоқот намуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?