Тоҷикистон ва UNHCR масоили марбут ба Афғонистонро муҳокима карданд

Март 18, 2022 09:16

ДУШАНБЕ, 18.03.2022 /НИАТ «Ховар»/. 17 март мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин бо Комиссари Олии Созмони Милалии Муттаҳид оид ба паноҳандагон (UNHCR) Филиппо Грандӣ, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон, масоили марбут ба Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.

Тавре  2 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин зикр намуд, имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон 3 ҳазор оилаи афғон, дар маҷмӯъ ҳудуди 15 ҳазор гурезагон ба сар мебаранд. Дар давраи нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя Тоҷикистон қаламрави худро ба шарикони хориҷӣ барои фиристодани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои сеюм пешниҳод намуда буд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 18, 2022 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид