ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Ҳавои номусоид ва бориш дар Тоҷикистон то охири ҳафта идома меёбад
ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад, ки ҳавои номусоид ва бориш дар ҷумҳурӣ то охири ҳафта идома меёбад. Дар робита ба бориши дарпешистода ва баланд шудани заминаҳои ҳарорат дар кӯҳҳо обшавии шадиди барф ба амал меояд, ки метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо, инчунин вайрон шудани хатти сохили дарёю кӯлҳо гардад. Дар натиҷаи бориши дарпешистода хатари фаромадани тарма, фаромадани сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, дар чунин рӯзҳо ҳушёр ва дучанд эҳтиёт бошанд.
Ёдовар мешавем, ки 6 март, тахминан соати 15:20 ба вақти маҳаллӣ дар натиҷаи бориши зиёд аз талу теппаҳои назди деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сел фаромад. Ду сокини ин деҳа, соли таваллудашон 2004, ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи доманакӯҳ бар асари омадани сел кӯшиши наҷот додани чорворо кардаанд, вале дар натиҷа сел боиси ҳалокати онҳо ва талаф ёфтани 10 сар чорвои майда гардидааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади фавтидагон дар масофаи 4 км дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо шудааст.
-Ба ғайр аз ин бориши зиёд боиси болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Қаратоғ ва канали Муллошодӣ шудааст, ки дар навбати худ ин хатари зери об мондани биноҳои истиқоматиро бештар намуд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи фавқулодаи шаҳр кор мекунад ва барои бартарафсозии онҳо техникаи махсус ҷалб шудааст,-афзуд манбаъ.
Хотиррасон мешавем, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ/IRS








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






