Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Машраб дар кори ҷаласаи васеи ИА ва Барномаи рушди СММ ба тариқи маҷозӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи васеи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи «Таъсиси платформаи «Ҳадафи рушди устувор» барои Осиёи Марказӣ» ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Туркия иштирок намуда, дар он рӯнамои хулосаи кӯтоҳи лоиҳа, нақшаи кори солона ва буҷети ин Созмон барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Файзулло Машраб иброз намуд, ки саъю кӯшиши самимӣ ва кумаки воқеии ИА ва Барномаи рушди СММ ба Тоҷикистон дар ҳама самтҳо дида мешаванд. Тайи чанд соли охир баъди эътибор пайдо кардани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи Аврупо дар раванди ҳамкории «Тоҷикистон-Аврупо» пешравии ҷиддӣ ба назар мерасад. Аз хусуси ҷонибдории тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ – ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Брюссел ва якчанд давлатҳои ИА, ташрифи вакилони Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи байниҳукуматӣ ва Кумитаи парлумонии ҳамкорӣ гувоҳӣ медиҳанд. Татбиқи бомуваффақияти барномаи «Дастури аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон»-ро бояд махсус зикр кард. Инҳо на танҳо лоиҳаҳои бешумор, ки аз ҷониби ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегарданд, балки тағйироти куллӣ дар соҳаи қонунгузорӣ низ мебошанд.
Дар назди иштирокчиёни ин ҳамоиш ҳамчунин менеҷери лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Қазоқистон Айгерим Эгембердиева, мутахассиси барномаи «Иқтисоди сабз ва шуғли аҳолӣ»-и Маркази минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истанбул Михаил Пеляҳ, мушовир, ҳамоҳангсози лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Қирғизистон Гулнора Абдиқаликова, менеҷери лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Узбекистон Файзулло Салоҳиддинов, менеҷери лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Далер Шодиев, ҳамоҳангсози лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Туркманистон Ирина Гукасова ва роҳбари гурӯҳи рушди фарогир, маркази минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истанбул Весна Дзутеска-Бишева ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Қазоқистон Якуп Бериш сухан гуфтанд.
АКС: МН МО ҶТ








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






