Зарфияти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

Март 14, 2022 08:59

ДУШАНБЕ,14.03.2022/АМИТ«Ховар»/. Дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд дар даври навбатии мулоқоти  роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иштирокдорони мулоқот зарфияти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯнамоӣ гардид. Дар мулоқоти мазкур  муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуда,  зикр кард, ки  барои Тоҷикистон рушди сайёҳӣ аҳамияти хосса дошта, ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

-Имрӯз мавқеи Тоҷикистон зери ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким ёфта, кишвари мо дар раддабандиҳои глобалӣ сатҳу эътибори хосса пайдо карда истодааст,- афзуд ӯ.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки айни замон ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва  кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ гардида истодаанд. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз чанд кишвари дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешим дидан намоянд.Яке аз занҷираҳои муҳим, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ қарор дорад, ин боздид аз хатсайри Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ мебошад. Шаҳрҳои қадима ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ, ки дар ин масири таърихии машҳур воқеанд, ҳамеша шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Дар мулоқот муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини Вазири фарҳанги Туркманистон Нурсэхет Шаримов, Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Кумитаи саноати сайёҳии Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Мирас Тулебаев, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби грантҳои Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирӯз  Додиев,, муовини директори Департаменти сайёҳии Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Киялва Кенжематова ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти якуми роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2021 бо иштироки роҳбарону намояндагони мақомотҳои сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ассотсиатсияву ташкилоти сайёҳии минтақа баргузор гардида буд.

 

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Март 14, 2022 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд