«Амонатбонк» ба буҷети давлатӣ 17 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ супорид

Апрель 25, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли равон ба буҷети давлатӣ 17 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ супорид. Дар ин бора  зимни натиҷагирӣ аз  фаъолияти семоҳаи бонки мазкур иттилоъ дода шуд, хабар  доданд ба АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк».

Соли равон ҳайати кормандони «Амонатбонк»  баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияи соҳа барои соли 2022 саъю талош намуда, дар ҳаҷми  18,4 миллион сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми сармояи бонки мазкур  дар семоҳаи якуми соли равон ба 594,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 25,9 фоиз зиёд аст.

Ҳамзамон дороиҳои бонк 5,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ҳиссаи асосии онро дороиҳои даромаднок ва  пардохтпазир- мутаносибан 40-фоизӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, сандуқи қарзии бонк 53,5 фоизи  дороиҳои даромадноки бонкро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  31,6 банди фоизӣ зиёд аст.

Гуфта шуд, ки сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ маҳсуб ёфта, иҷрои ин нишондиҳанда  дар  «Амонатбонк» дар сатҳи баланд таъмин аст. Натиҷа ин аст, ки  шумораи пасандозгузорон дар бонк қариб ба  1,6 миллион нафар расидааст.

Мудирони филиалҳои «Амонатбонк» дар минтақаҳо доир ба фаъолияти филиалҳо дар соли равон  ҳисобот доданд.

Дар анҷом се филиали «Амонатбонк»  барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбати иқтисодӣ, афзун намудани нишондиҳандаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали ҷорӣ ҳамчун «Филиали беҳтарин» дониста шуда бо ҷоиза сарфароз гардиданд. Инҳо филиали №66 ноҳияи Файзобод (ҷои якум), филиали №40 ноҳияи Шаҳристон (ҷои дуюм) ва филиали №8 шаҳри Норак (ҷои сеюм) мебошанд.

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Апрель 25, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад