«Амонатбонк» ба буҷети давлатӣ 17 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ супорид
ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли равон ба буҷети давлатӣ 17 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ супорид. Дар ин бора зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи бонки мазкур иттилоъ дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк».
Соли равон ҳайати кормандони «Амонатбонк» баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияи соҳа барои соли 2022 саъю талош намуда, дар ҳаҷми 18,4 миллион сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми сармояи бонки мазкур дар семоҳаи якуми соли равон ба 594,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 25,9 фоиз зиёд аст.
Ҳамзамон дороиҳои бонк 5,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ҳиссаи асосии онро дороиҳои даромаднок ва пардохтпазир- мутаносибан 40-фоизӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, сандуқи қарзии бонк 53,5 фоизи дороиҳои даромадноки бонкро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 31,6 банди фоизӣ зиёд аст.
Гуфта шуд, ки сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ маҳсуб ёфта, иҷрои ин нишондиҳанда дар «Амонатбонк» дар сатҳи баланд таъмин аст. Натиҷа ин аст, ки шумораи пасандозгузорон дар бонк қариб ба 1,6 миллион нафар расидааст.
Мудирони филиалҳои «Амонатбонк» дар минтақаҳо доир ба фаъолияти филиалҳо дар соли равон ҳисобот доданд.
Дар анҷом се филиали «Амонатбонк» барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбати иқтисодӣ, афзун намудани нишондиҳандаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали ҷорӣ ҳамчун «Филиали беҳтарин» дониста шуда бо ҷоиза сарфароз гардиданд. Инҳо филиали №66 ноҳияи Файзобод (ҷои якум), филиали №40 ноҳияи Шаҳристон (ҷои дуюм) ва филиали №8 шаҳри Норак (ҷои сеюм) мебошанд.
АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






