«АЗ ДУШАНБЕ ТО СЕУЛ». Ба шарафи 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Корея ҳамоиши фарҳангӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 30 сол сипарӣ мегардад. Барои сазовор таҷлил намудани ин рӯйдоди муҳим дар баробари чорабиниҳои зиёд 26 апрел, соати 18:00 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи «Борбад» консерти анъанавии кореягӣ таҳти унвони «Аз Душанбе то Сеул» баргузор мегардад.
Тавре дар Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши фарҳангӣ мусиқӣ ва рақсҳои анъанавии кореягӣ пешниҳоди дӯстдорони олами зебои санъату ҳунар гардонида мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааанд. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 9 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд. Баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ “Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз соли 2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзӯъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд. Намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2017 инҷониб дар Ҷумҳурии Корея фаъолият мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIСА) иштирок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 16 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ирсоли барқияи табрикӣ ба унвони Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея муҳтарам Юн Сок Ёл, ин кишварро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, изҳор доштанд, ки «кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем. Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу муҳтавои кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея омодагии инҷонибро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз менамоям. Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ба ҳам дӯст минбаъд низ дар маҷрои рушду тавсеа идомаи нек пайдо карда, натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард».
АКС: Сафорати ҶК дар ҶТ








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






