БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор иншооти ҷашнӣ бо усули зебои меъмории шарқӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёдкорию созандагӣ, хусусан бунёди биноҳои баландошёна вусъати тоза мегирад. Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни боздид аз ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ биноҳои дар маркази шаҳр бунёдшавандаро оинаи шаҳр унвон карда, дар тарҳи бино истифода бурдани усулҳои зебои меъмории шарқиёнаро тавсия дод, иттилоъ доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар».
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёна бо маркази савдою хизматрасонӣ дар кӯчаи Гагарин, ки аз ҷониби соҳибкор Салоҳиддин Қараев бунёд меёбад, шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар иншоот корҳои васлгарӣ ва оҳану бетонӣ идома дошта, дар ҳаҷми беш аз 40 фоиз иҷро гардидаанд. Тибқи лоиҳа, корҳои сохтмонӣ соли 2024 анҷом ёфта, бинои мазкур дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Дар сохтмони бино бештар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки имкон медиҳад муҳлати баистифодадиҳии иншоот ба таъхир наафтад.

Раиси шаҳр дар буриши кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Гагарин ҳамчунин бо корҳои бартарафсозии бинои фарсудаи собиқ Универмаги марказӣ шинос шуд. Дар ҷои ин бино соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Ятимов тасмим гирифтааст, ки бинои даҳошёна бо ҷойгиркунии маркази савдо ва хизматрасонӣ бунёд намояд. Муҳлати баистифодадиҳии бино дар лоиҳа соли 2025 дарҷ гардидааст, вале чун он дар маркази шаҳр воқеъ аст, соҳибкор ният дорад бо истифода аз имконият суръати сохтмонро тезонида, онро пеш аз муҳлат бунёд кунад.
Раиси шаҳр барои бунёди босифати иншооти ҷашнӣ ба соҳибкорон маслиҳатҳои судманд дод.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






