Ба Маркази саломатии ноҳияи Восеъ мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид

Апрель 5, 2022 14:31

ВОСЕЪ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар/. Бо мақсади саривақт хизмати тиббӣ расонидан ба аҳолии ноҳияи Восеъ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази саломатии ноҳия як мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид, хабар доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар маркази мазкур.

Директори марказ Диловар Валиев миннатдории худро ба роҳбарияти вазорат баён намуда, афзуд, ки мошини ёрии таъҷилии воридгардида замонавӣ буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷҷаҳаз мебошад ва то ба беморхона овардани бемор кумаки ҳамаҷониба мерасонад. Айни ҳол дар марказ  3 мошини ёрии таъҷилӣ фаъолият дошта, ба  беш аз 200 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ноҳия 41 маркази саломатӣ ва 24 бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамоянд. Баҳри пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ кормандони ин марказҳо усули хона ба хонаро пеш гирифта, аз солимии аҳолӣ огоҳ мешаванд.

Диловар Валиев иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ғайр аз мошини ёрии таъҷилӣ 8 адад яхдон низ тақдим намуд, ки ба марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ равона гардида, барои ҳифзи сифати доруворӣ мусоидат менамоянд.

Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳия 2 бунгоҳи тиббии нав мавриди истифода қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, ки масъулини марказ тасмим гирифтаанд, хизматрасониро ба аҳолӣ бештар намуда, ҷиҳати пешгирии ҳар гуна беморӣ ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо доир намоянд.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз муаллиф

Апрель 5, 2022 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст