«Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» қабул мегардад

Апрель 22, 2022 09:47

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки таҳти раёсати Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатии марбута ва кормандони маҷмааи нақлиёт доир гардид, баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.

Вазири нақлиёт зикр намуд, ки таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат сарчашма мегирад. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия гардида, 1 апрели соли 2022 барои баррасию мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор равон гардид, ки онҳо хулосаҳояшонро ба Вазорати нақлиёт пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт Фаррух Неъматзода бо дарназардошти хулосаҳои ирсолгардида аз вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи мазкурро тавзеҳ дод.

Фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ- истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳадафҳои асосии барнома мебошанд.

Барнома аз 9 боб иборат буда, доир ба мазмун ва самтҳои мухталифи он маълумот дода шуд.

Зикр шуд, ки бо дарназардошти пешниҳодот ба лоиҳа тағйирот ворид гардида, аз ҷониби комиссияи корӣ бори дигар мавриди баррасӣ қарор мегирад.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Апрель 22, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид