«БО ҶАНГ БОЗӢ НАКУНЕД!». Содир Жапаров ба рӯзноманигорон ва блогнависони Қирғизистон ҳамин гуна муроҷиат намуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар Facebook вазъият дар манотиқи марзии кишварро, ки дар он ҷо гоҳ-гоҳ ҳолатҳои низоӣ рух медиҳанд, шарҳ дод. Дар ин бора хабаргузории давлатии «Кабар» иттилоъ додааст.
Жапаров аз он оғоз намуд, ки кишвар аз роҳи демократӣ намебарояд ва озодии баён, ҳуқуқи башар, бешубҳа, ҳифз ва риоя хоҳанд шуд.
«Аммо ман аз рӯзноманигорон ва онҳое, ки худро блогнавис меҳисобанд, як чизро хоҳиш дорам, — гуфт ӯ. — Вақте сухан дар бораи масъалаҳои ихтилофангез бо давлатҳои ҳамсоя меравад, ба худ иҷозат надиҳед, ки маводи гуногуни видео ва аксҳоеро, ки иттилоотро таҳриф мекунанд, паҳн намоед <…>. Ин ба меъёрҳои одобу ахлоқ мувофиқат намекунад. Бо ин ҳама шумо вазъиятро тезу тунд гардонида, миёни мардумон <…> иғво меангезед».
Маълум аст, ки сарвари Қирғизистон ҳодисаҳоеро, ки вақтҳои охир дар марз бо Тоҷикистон ва Узбекистон ба амал омаданд, дар назар дорад.
«Бале, мушкили сарҳад вуҷуд дорад. Мушкилие, ки тӯли 30 сол боз ҳал намешавад, эҳтиёткорӣ ва дурандешии ҷиддӣ талаб мекунад. Гуфтушунидҳо давом доранд, — гуфт Жапаров, —Масоҳати зиёди берун аз рӯйхатмонда мавҷуд аст. Ин вақт талаб мекунад».
Ӯ ваъда дод, ки то анҷоми давраи президентиаш ин масъаларо ҳал хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки ӯ аз моҳи январи соли 2021 президенти Қирғизистон аст. Тибқи қонунгузории ин кишвар, президент ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад.
«Биёед зери пардаи озодии баён паҳн кардани маълумоти бардурӯғро бас кунем. Бо ҷанг бозӣ накунед. Бигузор Худо мардуми моро аз ҷанг нигоҳ дорад», — муроҷиат намуд президенти Қирғизистон.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, 13 апрел Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Вазирони корҳои хориҷӣ ҳодисаи 12 апрел дар маҳали Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон рухдодаро, ки дар натиҷаи он талафот низ ба амал омад, баррасӣ карданд.
С. Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум намуда, тақозо кард, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтиши воқеӣ бурда шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






