Бо иқдоми Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар Ваҳдат муассисаи таҳсилоти наврасону калонсолони нобино ва сустбин таъмир шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо пайравӣ аз сиёсат, иқдомҳои наҷибона ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси бевоситаи Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсат ва кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони Академияи идоракунии давлатӣ Муассисаи таҳсилоти умумии асосии ғоибонаи наврасону калонсолони нобино ва сустбин ва Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни «Нури чашм»-и шаҳри Ваҳдат, ки таъмирро надида буд, тармиму навсозӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, 3 синфхонаи нав бо долони васеъ барои 100 ҷойи нишаст, даромадгоҳи бино, 70 метр роҳрав, боми бино бо маблағи 130 ҳазор сомонӣ пурра навсозӣ гардиданд.
Синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳои дарсӣ ҷиҳозонида шуда, корҳои сохтмониро бевосита устодону кормандони Академия тариқи ҳашар ба роҳ монданд.
Ҳамчунин, ба муассиса 4 адад компютер ва як адад принтери махсус барои шахсони нобино тақдим карда мешаванд.
Зимни ифтитоҳи синфхонаҳои навбунёд Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон, камбизоатону шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятимону камбизоатон мавқеи меҳварӣ дорад.

«Ба ҳамагон маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ятим ва шахсони имконияташон маҳдуд аз лутфу меҳрубонии падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумат қарор доранд», — тазаккур дод ӯ.
Дар ин рӯз аз ҷониби Академия барои хонандагон дастурхони идона ороста шуда, онҳо бо як вақт хӯроки гарм таъмин карда шуданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби кормандону муҳассилини муассисаи мазкур чорабинии фарҳангӣ иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи комили кишвар манзури иштирокдорон гардид.


Хонандагон ва ҳайати омӯзгорони муассиса аз чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ва устодону кормандони Академияи идоракунии давлатӣ изҳори миннатдории бепоён намуданд.
Бояд зикр кард, ки бинои муассисаҳои мазкур тайи 50 соли охир рӯи таъмири асосиро надида, дар фаслҳои зимистону баҳор барои муҳассилин мушкили тадрис вуҷуд дошт.
Муассисаи таҳсилоти умумии асосии ғоибонаи наврасону калонсолони нобино ва сустбин ва Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни “Нури чашм”-и шаҳри Ваҳдат яке аз муассисаҳое ба шумор меравад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим дорад. Дастпарварони он пайваста аз ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бархӯрдоранд. Омӯзгорону мураббиҳои ғамхор пайваста аз дарди дили ҳар як нафар огаҳӣ пайдо карда, мекӯшанд то мушкиле дар зиндагиашон роҳ наёбад ва онҳо худро танҳо ҳис накунанд.


Дар ин муассиса, кӯдакону наврасони нобино, сустбин, инчунин фарзандони маъюб аз оилаҳои ниёзманд, афроди бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Омӯзгорону мураббияҳои муассиса бо дарки ин ҳақиқат пайваста талош доранд, ки рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таълиму тарбияи кӯдакон ва шукуфоии ҷомеа саҳми босазо гузоранд.
АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






