ЧИН НИЯТ ДОРАД БА ТОҶИКИСТОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДАРАҶАИ ТАҶДИДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ КУМАК РАСОНАД. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳори назар намуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чин ният дорад, ки дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон ба сохтмони босифати «Камарбанд ва роҳ», инчунин саноатикунонии босуръат ва баланд бардоштани сатҳи навсозии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар ин бора узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И дар мулоқот бо Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён изҳори назар намуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии давлатии «Синхуа» иттилоъ дод.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, мулоқоти ду вазир 31 март дар ҳошияи нишасти 3-юми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тунси (музофоти Анҳой, Чини Шарқӣ) баргузор шуд.
Ба гуфтаи Ван И, Чин аз Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва амният, инчунин ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншудаи рушд пуштибонии қатъӣ мекунад.
Чин омода аст шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон бошад. Ҷониби Чин ният дорад, ки дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон ба сохтмони босифати «Камарбанд ва роҳ» мусоидат намуда, ба Тоҷикистон дар саноатикунонии босуръат ва баланд бардоштани сатҳи таҷдиди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намояд, гуфт Ван И.

Чин ба ташкили коргоҳи Лу Бан дар Тоҷикистон суръат мебахшад, то ба омӯзиши мутахассисон ва табодули дӯстона миёни ҷавонони ду кишвар мусоидат кунад, изҳор дошт Ван И ва афзуд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемия таҳким хоҳад ёфт.
Музаффар Ашӯриён гуфт, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкории ҳамаҷониба бо Чин саъй дорад. Тоҷикистон омода аст ҳамкориро дар чаҳорчӯби «Камарбанд ва роҳ» амиқтар ва дар заминаи сармоягузорӣ, энергетика ва иқтидори истеҳсолӣ густариш диҳад. М.Ашуриён ба Чин барои дастгирии қавии Тоҷикистон дар мубориза бо пандемия изҳори сипос намуда, афзуд, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо Чин дар соҳаи тибби анъанавӣ тақвият диҳад.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориро дар заминаи амният, мубориза бо «се қувваи бадӣ» (терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ), инчунин мубориза бо ҷиноятҳои муташакили фаромарзӣ ба манзури таъмини суботи минтақа густариш диҳанд.
АКС: Синхуа








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






