Дар қароргоҳи СММ «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар қароргоҳи СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) ва Иттиҳоди Аврупо бори нахуст брифинги сатҳи баланд роҷеъ ба муаррифии «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» ва нақшаи амали он баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ ҳайатҳои кишварҳои узв ва коршиносони ниҳодҳои СММ оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии хушунатомез ва терроризм, инчунин намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, минтақавӣ ва тахассусӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинии мазкур инъикоси пешрафт ва талошҳои кишвар дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ тибқи стратегияҳои қабулшуда ва нақшаҳои амалӣ буд.
Дар қисми ифтитоҳӣ муовини Дабири кул, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ Олаф Скуг, роҳбари бахши ҳуқуқӣ ва мубориза бо терроризми Намояндагии доимии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар СММ Нидаа Абу Алӣ, Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва намояндаи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Армандс Пуполс суханронӣ намуданд.
Сипас, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯнамои «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро ба ҳозирин манзур намуд. Дар рӯнамои Стратегия вобаста ба тамоюлҳо ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии кишвар дар соҳаи мубориза бо терроризм маълумоти муфассал пешниҳод гардида, мусоидати кишварҳои узв ва ниҳодҳои СММ ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегия муҳим дониста шуд.
Дар рӯнамои Стратегия вобаста ба тамоюлҳо ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии кишвар дар соҳаи мубориза бо терроризм маълумоти муфассал пешниҳод гардида, мусоидати кишварҳои узв ва ниҳодҳои СММ ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегия муҳим дониста шуд.
Гузашта аз ин, дар рӯнамо оид ба талошу иқдомҳои кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ маълумот пешниҳод гардид.
Қобили зикр аст, ки намояндаҳои Узбекистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Чин, Уммон, Австралия, Тунис, Муғулистон, Парагвай, Латвия, Туркия, Сингапур, Арманистон, Баҳрайн, Эрон ва Марокко саҳм ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва назаррас арзёбӣ намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ








Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






