Дар Қазоқистон машқҳои Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тамрини фармондеҳию ситодии Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ «Амнияти минтақавӣ – 2022» дар Қазоқистон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Красная звезда».
Тавре муовини раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ генерал-полковник Юрий Грехов иброз намуд, мавзӯи омӯзиш- омодагӣ ва истифодаи неруҳои (қувваҳои) Низоми ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Қазоқистон ва Русия дар Минтақаи амнияти дастҷамъии Осиёи Марказӣ ва омӯзиши масъалаҳои мушкилоти истифодаи муштараки неруҳо (қувваҳо) буд.
Ёдовар мешавем, ки Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ (СМ МЗҲ ИДМ) дар асоси созишнома миёни кишварҳои иттиҳод, ки 10 феврали соли 1995 дар Алмаато ба имзо расида буд, таъсис дода шудааст. Ба он Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон шомиланд.
Илова бар ин, Русия ва Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки Низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис диҳанд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ хоҳад буд. Созишнома дар ин бора як сол қабл, 27 апрели соли 2021 аз ҷониби вазирони мудофиаи ду кишвар- Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу дар Душанбе ба имзо расида буд.
АКС: «Красная звезда»








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






