Дар Душанбе ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ширкати «Genesis BBQ Group»-и Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо роҳбари ширкати «Genesis BBQ Group»-и Ҷумҳурии Корея Уоррен Юн, ки дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ширкати «Genesis BBQ Group»-и Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор доданд ва доир ба дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоли тарафайн табодули назар карданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 27 апрел миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея лутфан бипазиред.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.
Ҷониби Тоҷикистон хоҳони вусъати тоза бахшидан ба ин раванд буда, омода аст, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду ҷониб дар ҳама соҳаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои аслии ду давлат минбаъд ҳам кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳад.
Бовар дорам, ки идомаи анъанаҳои неки муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф ва татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои дар ин роҳ қаблан бадастомада аз ин баъд низ натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.
Бо истифода аз фурсати фараҳманд ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, ҷаноби Президент ва халқи тоҷик саломи дӯстонаамро мерасонам.
Баъди барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар санаи 27 апрели соли 1992 робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мубодилаи инсонӣ ва дигар соҳаҳо мунтазам рушд ёфта истодаанд. Барои ман махсусан хурсандиовар аст, ки ба туфайли ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта барои тақвияти муносибатҳои ҳамкории ҳарду кишвар заминаи мусоид муҳайё гардидааст.
Умедворам, ки ба шарофати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои судманди ҳарду кишвар дар бахшҳои мухталиф тавсеа ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни мардумонамон дар заминаи баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ боз ҳам амиқтар мешаванд.
Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии комилу некӯаҳволӣ ва рушди беканори кишваратонро орзумандам».
Акс: ВКХ ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд






