Дар Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир гардид

Апрель 14, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти мураккаби иҷтимоию иқтисодиро паси сар карда, имрӯз ба марҳилаи сифатан нави рушди босуръат ва устувор ворид шуд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат бар пояи рушди устувори иқтисодӣ ва ҳадафҳои Стратегияи рушд барои давраи то соли 2030- таъмини истиқлоли энергетикӣ, самаранок истифода бурдани неруи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил додани давлат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунони босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул ҳадафҳои олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон муқаррар гардидаанд. Ин ҳадафҳо пурра ба Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқат менамоянд ва  дар сатҳи миллию маҳаллӣ роҳандозӣ карда шудаанд. Ин матлабро 13 апрел зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баён намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мавсуф аз ҳамкории Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки осиёгии Рушд дар татбиқи якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр дошт, ки масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва дар ин замина ба шуғл, бахусус ба шуғли пурмаҳсул ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд.

Дар кори ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар масъулин иштирок доштанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иброз дошт, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаҳои он фароҳам овардани замина барои муколамаи сиёсӣ, сафарбаркунии захираҳо, ҳамоҳангсозии шарикони рушд, донорҳо ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба афзалияти пешбинишудаи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин платформаи ҳамкорӣ самтҳои амалӣ оид ба татбиқи дурнамои вазорат дар робита ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо таваҷҷуҳ ба шуғли ҷавонон ва навоварӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, меҳнати арзанда, ҳамчунин коҳиши раванди муҳоҷират муайян карда мешаванд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки барномаи ислоҳоти бунёдии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ то соли 2026 татбиқ намудани якчанд чораҳои муассир дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор, ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ, экологӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.

Ҳамчунин Рӯнамои равиш ба таҳияи Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва зарурату аҳамияти рақамикунонии баҳисобгирии муҳоҷирати хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ манзури донорҳо ва шарикони рушд гардида, зикр шуд, ки харитаи роҳи вазорат маҷмӯи ҳадафҳои ислоҳоти соҳаҳои вазоратро барои солҳои 2022 — 2026 дар шароите, ки бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар марҳилаи барқароршавии баъди буҳрони бемории Covid-19 қарор дорад, бозгӯӣ менамояд.

Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони донорҳо ва шарикони рушд доир ба масъалаҳои мазкур сухан гуфта, ташаббусҳои пешбаришударо ҷиҳати таҳкими заминаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таҳсилоти занону ҷавонон дар шароити кунунӣ тадбирҳои саривақтӣ ва ногузир ҳисобида, барои амалӣ намудани онҳо таҳия ва татбиқи якчанд  лоиҳаҳоро дастгирӣ намуданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Апрель 14, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд