Дар Душанбе татбиқи минбаъдаи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо иҷрокунандаи роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Вук Жугич ва дигар намояндагони ин дафтар вохӯрии судманд доир намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суҳбат зикр намуд, ки тайи солҳои охир равобиту ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари барномавии САҲА тақвият меёбад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷиҳати татбиқи минбаъдаи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва сари вақт татбиқ намудани барномаи мазкур табодули афкор сурат гирифт.
Зимни мулоқот масъалаҳои васеи густариши ҳамкорӣ миёни Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи дастгирӣ дар самти ислоҳоти милитсия ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи мақомот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкорӣ изҳор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ислоҳоти милитсия се санади муҳим –«Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020», «Барномаи рушди милитсия» ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи барнома барои солҳои 2013-2020» таҳия ва қабул карда шуданд.
Аввалин ҳуҷҷат оид ба ислоҳоти милитсия – «Ёддошти тафоҳум» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон 8 апрели соли 2011 ба имзо расида буд.
АКС: ВКД ҶТ








Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд






