Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо доир гардид

Апрель 13, 2022 16:08

ХОРУҒ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдончаи варзишии назди маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо оғоз гардид, ки дар он  130 нафар беҳтарин варзишгарони ин ришта ширкат доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Ин мусобиқа таҷрибаи хубест барои муайян намудани беҳтарин варзишгарони синну соли гуногун ва омода кардани онҳо барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ.

Раиси Федератсияи таэквондои вилоят, довари дараҷаи байналмилалӣ Вафоназар Алиназаров гуфт, ки “таэквондо яке аз намудҳои дӯстдоштаи варзиш барои теъдоди зиёди наврасону ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, аз ҷиҳати дарёфти медалу ҷоизаҳо дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун муваффақтарин намуди  варзиш дар вилоят ба шумор меравад”.

Мавсуф гуфт, ки наврасону ҷавонони вилоят давоми панҷ соли охир тавонистанд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷоизаҳо, унвонҳои устоди варзиш ва камарбандҳои мухталифи таэквондо сазовор гарданд.

Ҳамчунин ду нафар довари вилоят ба гирифтани унвони “Довари дараҷаи байналмиллалӣ” низ шарафёб шудаанд.  Мусобиқаи навбатӣ аз ин намуди хеле шавқовари варзишро мураббиёни таэквондо дар ҳавои кушод, дар  майдончаи замонавии назди Кохи варзиши шаҳр баргузор намуданд, ки дар он ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Таэквондо барои наврасону ҷавонон аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки бо тамринҳои пайваста онҳо бадани худро ҳаматарафа обу тоб дода, метавонанд дар дигар намудҳои варзиш истеъдоду маҳорати худро намоиш диҳанд. Илова бар ин  таэквондо  ба феҳристи бозиҳои олимпӣ низ шомил аст ва роҳ ёфтан ба ин бозиҳо  мақсади ниҳоии ҳар як варзишгар аст.

Раиси Федератсияи таэквондои вилоят гуфт, ки “бо дастрас намудани таҷҳизоти ҳисоби электронии холҳо акнун доварон метавонанд ба қувваозмоии варзишгарон баҳои дақиқу мунсифона диҳанд ва ба ҳар гуна нофаҳмиҳо низ миёни варзишгарон хотима гузоранд. Дар моҳҳои май ва июн чанд мусобиқаи сатҳи ҷумҳуривӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, ки варзишгарон талош мекунанд дар онҳо маҳорату ҳунари воло нишон диҳанд”.

АКСҲО: АМИТ Ховар

Апрель 13, 2022 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд