Дар Конибодом доир ба оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 19 апрел дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таҳти унвони «Оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа» мулоқот доир градид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Абдураҳмон Ваҳҳобзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода, фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҷамоатҳою деҳот, имомхатибон, собиқадорону ҷавонони шаҳри Конибодом иштирок доштанд.
Н. Оқилзода гуфт, ки тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳофар мебошанд.


«Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофаринӣ пазируфта шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд, — гуфт ӯ. — Ин ҳам аз нуфузу аҳамият ва мақому мартабаи Созишномаи сулҳи тоҷикон шаҳодат медиҳад. Ҳаводиси фоҷиабору харобиовари охири асри гузашта моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем».
Р. Мукаррам изҳор дошт, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 25-солагии Ваҳдати беназиру беқиёси кишварамонро ҷашн мегиранд.


Ба таъкиди ӯ, дар тӯли ин солҳо, ки барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари тоҷик марҳалаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам, ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд гардид.
«Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба омили эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфт. Барои ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои сулҳу субот ва давлатдориамонро таҳким бахшид», — зикр намуд Р. Мукаррам.
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамеша ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардиданд, талош меварзад.
Тавре Саидмукаррам Абдуқодирзода тазаккур дод, амалҳои террористию экстремистӣ зуҳуроти номатлубеанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд.


«Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Террорист миллат, Ватан ва дину мазҳаб надошта, мубориза бар зидди ин зуҳурот муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд, — изҳор намуд ӯ. — Бинобар ин, ҳар яки моро имрӯз зарур аст, ки ба муқобили чунин афроду гурӯҳ сарҷамъона мубориза бурда, барои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем».
Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Абдураҳмон Ваҳҳобзода аз масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом даъват намуд, ки зимни баргузории тӯю маъракаҳо ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
АКСҲО: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон










Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






