Дар Конибодом доир ба оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он мулоқот доир шуд

Апрель 20, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 19 апрел дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таҳти унвони «Оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа» мулоқот доир градид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода,  мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Абдураҳмон Ваҳҳобзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода, фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҷамоатҳою деҳот, имомхатибон, собиқадорону ҷавонони шаҳри Конибодом иштирок доштанд.

Н. Оқилзода гуфт, ки тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳофар мебошанд.


«Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофаринӣ пазируфта шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд, — гуфт ӯ. — Ин ҳам аз нуфузу аҳамият ва мақому мартабаи Созишномаи сулҳи тоҷикон шаҳодат медиҳад. Ҳаводиси фоҷиабору харобиовари охири асри гузашта моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем».

Р. Мукаррам изҳор дошт, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 25-солагии Ваҳдати беназиру беқиёси кишварамонро ҷашн мегиранд.


Ба таъкиди ӯ, дар тӯли ин солҳо, ки барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари тоҷик марҳалаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам, ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд гардид.

«Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба омили эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфт. Барои ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои сулҳу субот ва давлатдориамонро таҳким бахшид», — зикр намуд Р. Мукаррам.

Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамеша ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардиданд, талош меварзад.

Тавре Саидмукаррам Абдуқодирзода тазаккур дод, амалҳои террористию экстремистӣ зуҳуроти номатлубеанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд.


«Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Террорист миллат, Ватан ва дину мазҳаб надошта, мубориза бар зидди ин зуҳурот муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд, — изҳор намуд ӯ. — Бинобар ин, ҳар яки моро имрӯз зарур аст, ки ба муқобили чунин афроду гурӯҳ сарҷамъона мубориза бурда, барои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем».

Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Абдураҳмон Ваҳҳобзода аз масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом даъват намуд, ки зимни баргузории тӯю маъракаҳо ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.

АКСҲО: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Апрель 20, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст