Дар Лахш оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ ҳамоиш доир шуд
ЛАХШ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи тарбияи насли ҷавон ба шумор рафта, омӯзгорон ва падару модарон бояд насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯсию хештаншиносӣ тарбия намоянд. Ин матлаб зимни мулоқоте, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати шарҳу тафсири Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, баён гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Дар ҷамъомад дар баробари тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамзамон вобаста ба ҷоннок намудани кори таълиму тарбия, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфтанд.
Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода иброз намуд, ки «Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати стратегӣ буда, иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд, аз ин рӯ волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҷавононро бояд тавре тарбия намоем, ки онҳо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд».
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиш роҳбарони ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, фаъолони ҷомеа ва падару модарон иштирок намуданд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






