Дар Лахш Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳ доданд

Апрель 12, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Маркази миллии қонунгузории  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи сафари хизматӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо мақсади таъмини иҷрои банди 47 Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, машварати сайёр баргузор намуданд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии маркази мазкур.

Дар доираи вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони марказ мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд.

Зикр шуд, ки қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Қонун ҳамчунин истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи мамлакат асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст.

«Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад»,-гуфта шуд дар машварати сайёр.

Дар хатми ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои болозикр саволу ҷавоб доир гардид.

АКС: ММҚ

Апрель 12, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад