Дар Минск баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Игор Назарук баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо вобаста ба баргузории ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи 14-уми байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ 5 апрел дар Душанбе баргузор гардида буд.
Дар ҷаласа ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисод, тиҷорат, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои муҳими байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҳарду ҷониб ҳавасмандӣ изҳор гардида буд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






