Дар Москва намоиши аксҳо бахшида ба 30-солагии барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Русия ва дигар давлатҳои ИДМ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар қасри калони Вазорати корҳои хориҷии Русия Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои узви ИДМ намоишгоҳи аксҳои ҳуҷҷатиро ифтитоҳ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.
Дар маросим Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Москва аккредитатсия шудаанд, инчунин роҳбарони сохторҳои иҷроияи ИДМ, СААД, САҲА ва давлатҳои иттифоқии Русия ва Беларус ширкат варзиданд.
Зимни наҳории корӣ оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар сиғаҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ табодули афкор сурат гирифт.
АКС: хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот намуд






