Дар Москва Владимир Жириновский аз олам даргузашт

Апрель 6, 2022 15:15

ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсатмадори маъруф Владимир Жириновский дар Москва аз олам даргузашт. Дар бораи марги раҳбари Ҳизби либерал-демократҳои Русия имрӯз ТАСС бо истинод ба Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин хабар дод.

Жириновский 76-сола буда, моҳҳои охир дар беморхона мехобид.

«Пас аз бемории шадид ва тӯлонӣ Владимир Волфович Жириновский аз олам даргузашт», — гуфт Володин.

Аввалҳои моҳи феврал сиёсатмадор бар асари сироятёбӣ ба коронавирус дар бемористон бистарӣ гардид ва табибон бемориашро илтиҳоби пневмонияи дутарафа ташхис намуданд. ВАО дар бораи ҷараёни манфии саломатии раиси Ҳизби либерал-демократии Русия навиштанд, дар бораи он ки ӯ ба варами шуш ва осеб дидани узвҳои нафаскашӣ дучор гардидааст. Ҳизб ин хабарро рад кард ва итминон дод, ки Жириновский оҳиста-оҳиста дар ҳоли беҳбудёбист.

Владимир Волфович Жириновский 25 апрели соли 1946 дар Алма-Ато таваллуд шудааст. Соли 1970 Донишкадаи забонҳои шарқи назди Донишгоҳи давлатии Москва ва сипас шуъбаи шабонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз 31 марти соли 1990 раиси Ҳизби либерал-демократии Русия буд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2022 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид