Дар ноҳияи Шаҳринав 9 нафар ба кори доимӣ ва 30 нафар ба корҳои ҷамъиятии мавсимӣ роҳхат гирифтанд

Апрель 25, 2022 10:30

ШАҲРИНАВ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳринав ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он 10 корхонаю ташкилоти ноҳия зиёда аз 100 ҷойи нави кор пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи мазкур 30 нафар корҷӯён ба корҳои ҷамъиятии мавсимӣ қабул гардида, 15 нафар бонувону духтарони хонанишин ба касбомӯзӣ номнавис шуданд ва 9 нафар ба ҷойи кори доимӣ роҳхат гирифтанд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Роҳандозии  ярмаркаи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба шуғл ва саросар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон равона гардидааст.

Дар ноҳияи Шаҳринав барои бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ  таъмин намудани шаҳрвандони бекор чунин ярмаркаҳо пайваста гузаронида мешаванд. Хурсандиовар аст, ки бо омадани мавсими кишт ва ҷамъоварии ҳосил қисми зиёди шаҳрвандони бекор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. Маблағи якрӯзаи кори онҳо аз ин ҳисоб аз 50 то 60 сомонӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Апрель 25, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд