Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маъракаи даъват дар рӯзи аввал ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз фарзандони ғаюру ватандӯсти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар баробари дигар даъватшавандагону муҳофизони марзу бум ба хизмати аскарӣ гусел гардида, дар рӯзи аввали даъват ноҳия дар доираи тадбирҳои роҳандозишудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои марбута аз иҷрои саривақтии ин рисолати таърихии ватандорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мужда дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд, ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои адои хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, аз Комиссияи тиббӣ гузаштанд. Дар ноҳия дар рӯзи аввали даъват нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пурра иҷро шуд. Шумораи наваскароне, ки ба комиссариати ҳарбии вилоят сафарбар карда шуданд, ба 70 нафар расид, ки тибқи нақша аз 100 фоиз зиёд аст.
Тайи чанд соли охир масъалаи даъват ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва амалӣ сохтани корҳои оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ ҳалли дурусти худро ёфта, шумораи ихтиёриён бобати сафарбар гардидан ба хизмати ҳақиқии аскарӣ аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсти ноҳия тамоюли афзоиш дорад.
Воқеан дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби Роҳбарияти lasix-info.net сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити маишии сарбозон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, заминаҳои моддию техникии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мегардад.
АКС аз бойгонӣ








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






