Дар шаҳри Бохтар ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 23 апрел дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон фаъолият дорад, ки то 1 май идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Дар ярмаркаи мазкур нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал назар ба бозор нисбатан арзонтар аст. Масалан, орд бо нархи 260-290 сомонӣ, 1 литр равған 24 сомонӣ, 1 кг гӯшт 58 сомонӣ, як қуттӣ тухм 25-27 сомонӣ, 1 кг макарон 7-10 сомонӣ, меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардидаанд.
Ярмарка-фурӯши мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо мақсади танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии виялоти Хатлон доир гардидааст.
Ба гуфти сокини шаҳри Бохтар Маҳмадшо Шаробов, «дар арафаи моҳи мубораки Рамазон ташкил намудани чунин ярмаркаҳо баманфиат хоҳад буд. Ҳоло мо бо нархҳои нисбатан арзон маҳсулоти хӯрокворӣ мехарем. Дар бозор нархи маҳсулот каме қиматтар аст. Инҷо метавонед ҳам бо нархи дастрас харидорӣ кунеду ҳам соҳиби маҳсулоти хушсифат шавед. Хуб мешуд чунин ярмаркаҳо зиёдтар доир карда шаванд, то мардум бо нархи нисбатан арзон маҳсулоти зарурии худро дастрас намояд».
АКС: шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






