Дар Тоҷикистон 520 ҳолати фавқулода рух дода, ба аҳолӣ ва иқтисоди мамлакат хисороти моддӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 520 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ рух дода, 19-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти моддӣ расонидааст. Дар ин бора дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо фарорасии фасли баҳор пас аз бориши шадид ҳодисаҳои фаромадани сел, ярч ва сангрезӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 5 нафар ба ҳалокат расиданд.
«Қувваю воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва воҳидҳои мудофиаи гражданӣ дар фаслҳои баҳору тобистон дар ҳолати омодабош қарор доранд», — хабар доданд дар Кумита.
Ба шахсони масъул аз ҷониби раиси Кумита Рустам Назарзода дастур дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар кор ислоҳ намуда, корҳои мустаҳкам кардани соҳилҳоро беҳтар намоянд.
АКС: КҲФ ва МГ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






