Дар Владивосток Бозиҳои байналмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё-2022» баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иштироки тақрибан 25 кишвари Осиё дар Бозиҳои VII байналмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё-2022» дар Владивосток дар назар аст. Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ин бора рӯзи сешанбеи 19 апрел дар ҷаласаи омодагӣ ба ин мусобиқа президенти Кумитаи байналмилалии бозиҳои «Кӯдакони Осиё» Владимир Максимов хабар дод.
Бозиҳои байналмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё» аз 27 июл то 8 августи соли 2022 дар Владивостоки Русия баргузор мешаванд.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин дастур дод, ки дар Владивосток омодагӣ ва баргузории Бозиҳои VII байналмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё» таъмин карда шавад.

Бозиҳои байналмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё» ба ифтихори садсолагии ҳаракати муосири олимпӣ соли 1996 дар Ёқутистон таъсис ва баргузор шуда буданд. Мусобиқаҳо дар тобистон дар чор сол як маротиба гузаронида мешаванд ва зиёда аз 20 намуди варзишро дар бар мегиранд. Ин ягона лоиҳа дар Русия таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва ЮНЕСКО мебошад. Соли 2016 бори нахуст ҳукумати вилоят тасмим гирифт, ки салоҳияти ташкили ин озмунҳоро ба субъектҳо ва кишварҳои дигар вогузорад.
ДАР АКС: рамзҳои Бозиҳои VII байналмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё». АКС. Синхуа/Го Фэйчжоу/








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






