Доир ба нақши идоракунии давлатӣ дар раванди саноатикунонии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ оғоз ёфт

Апрель 23, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел бахшида ба Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши идоракунии давлатӣ дар раванди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи илмӣ–амалӣ ифтитоҳ гардид.

Аз 22 то 30 апрел бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Академияи идоракунии давлатӣ конференсия ва ҳамоишҳои апрелии илмӣ-амалии ҳайати профессорону устодон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён мегузаранд, ки дар онҳо мавзӯъҳои мубрами рӯз ва дорои аҳамияти илмию амалӣ баррасӣ мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.

Дар қисмати пленарии кори конференсия ректори Академия, доктори имлҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Нақши идоракунии давлатӣ дар раванди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи чорабиниҳои илмиест, ки табодули андеша ва ақоиди пешқадами олимону муҳаққиқони соҳавиро дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат муттаҳид сохта, дар амалисозии ин иқдоми муҳим заминаи устувор мегузорад. Устувории иқтисоди миллӣ аз рушди саноат вобастагии зиёд дошта, истифода аз ашёи хоми ватанӣ метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат намояд. 26 декабри соли 2021 дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бино бар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».

Дар бахши ифтитоҳии конференсия мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Кабир Ҷӯразода, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии молияи давлатӣ Ихтиёр Ашӯров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии молияи давлатӣ Тоҳир Набиев, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатӣ Маҳмадшоҳ Досиев ва номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи идораи давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия Муҳаммад Аминов вобаста ба мавзӯи конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.


Зикр гардид, ки дар шароити муосир нақши идоракунии давлатӣ дар таъмини устуворӣ ва беҳбуди бахшҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, саноат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса дорад. Бо мақсади амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инкишофи босуръати пешрафти  илмию техникӣ идоракунӣ бо тартиби нави технологӣ ва вусъати рақобат танҳо бо роҳи пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ ва пайваст намудани илм ба истеҳсолот зарур аст.

Дар марҳилаи саноатикунонии босуръат кормандони соҳаи илм ва маорифро зарур аст, ки дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллии кишвар саҳм гузорем.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки муҳокимаи мушкилоти идоракунии давлатӣ дар соҳаи саноат ва роҳҳои бартараф кардани он барои корҳои тадқиқотӣ муфид хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки конференсияи апрелии илмӣ-амалӣ дар бахшҳои алоҳида то 30 апрел идома мекунад.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Апрель 23, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд