«ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ». Ғолибони озмун қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки зимни он ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» қадрдонӣ шуданд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зикр кард, ки баргузории ин гуна озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастгирии ҷавонон ва қадрдонӣ аз хизмату заҳматҳои онҳо маҳсуб мешавад.
Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» аз соли 2016 инҷониб миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби Вазири маориф ва илм Р.Саидзода диплом ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






