Довари канории бозии «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари канории бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод Исломҷон Холиқовро аз ҳаққи доварӣ маҳрум кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёвари дуюми довари марказии бозии чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод Исломҷон Холиқов (Душанбе) барои сатҳи доварӣ тибқи банди 2.3.-и зербанди 2 (гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш)-и Кодекси интизомии доварони ФФТ бо қарори Департаменти доварон ва нозирони ФФТ дар ду давр аз ҳаққи ҳакамии ҳама мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






