Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд

Апрель 25, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти кунунии Фаронса Эммануэл Макрон аз рӯи натиҷаи ҳисоби  пурраи овозҳо дар даври дувуми интихоботи президентӣ 58,55 дарсади овозҳоро  ба даст овардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар дод.

Рақиби Макрон, роҳбари ҳизби «Иттиҳоди Миллӣ» Марин Ле Пен 41,45 дарсад овоз гирифтааст. Ӯ мағлубиятро эътироф кард, аммо ваъда дод, ки уҳдадориҳои худро дар назди фаронсавиҳо иҷро менамояд. Аз ҷумла, Ле Пен гуфт, ки ҳаракати сиёсии ӯ дар интихоботи парлумонӣ муборизаи бузургеро оғоз хоҳад кард.

Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса 27 апрел натиҷаҳои овоздиҳиро расман эълон хоҳад кард.

Овоздиҳӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) ба охир расид. Дар интихобот 63,23 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд.

Президенти Фаронса ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Дар овоздиҳӣ ҳудуди 49 миллион нафар шаҳрвандон метавонанд иштирок намоянд. Даври авали интихобот  10 апрел баргузор шуда, дар он 12 номзад ширкат карданд. Он замон президенти кунунӣ 27,84 дарсад ва роҳбари «Иттидоҳи Миллӣ» 23,15 дарсади овозҳоро ба даст оварда буданд.

АКС: AP 2022

Апрель 25, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд