ФУТБОЛ. Пагоҳ Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар Чемпионати 31-уми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ даҳ дастаи Лигаи олӣ – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, КМВА-и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод иштирок мекунанд.
Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд.
Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба Лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи чемпионати Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Тибқи тақвим, бозиҳои даври аввали чемпионати Тоҷикистон 2-3 апрели соли равон баргузор мешаванд.
Чемпионати Тоҷикистон -2022
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
2-юми апрел (шанбе)
«Файзканд» — «Истаравшан», 17:00
«Регар-ТадАЗ» — «Равшан» (Зафаробод), 17:00
Бозии «Истиқлол» — КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.
3-юми апрел (якшанбе)
«Эсхата» — «Хуҷанд», 17:00
«Хатлон» — «Равшан» (Кӯлоб), 17:00
АКС: ФФТ








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






