ФУТБОЛ. Пагоҳ Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад

Апрель 1, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар Чемпионати  31-уми Тоҷикистон оид ба футбол  миёни дастаҳои Лигаи олӣ   даҳ дастаи Лигаи олӣ – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, КМВА-и  шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ, «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб, «Регар-ТадАЗ»-и  шаҳри Турсунзода  ва «Равшан»-и ноҳияи   Зафаробод   иштирок мекунанд.

Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаи  марҳилаи аввал панҷ дастаи  беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд.

Панҷ дастаи  боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз  6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба Лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи чемпионати Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Тибқи тақвим, бозиҳои даври аввали чемпионати Тоҷикистон 2-3 апрели соли равон баргузор мешаванд.

Чемпионати  Тоҷикистон -2022

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

2-юми апрел (шанбе)

«Файзканд» — «Истаравшан», 17:00

«Регар-ТадАЗ» — «Равшан» (Зафаробод), 17:00

Бозии «Истиқлол» — КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.

3-юми апрел (якшанбе)

«Эсхата» — «Хуҷанд», 17:00

«Хатлон» — «Равшан» (Кӯлоб), 17:00

АКС: ФФТ

Апрель 1, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд