Қирғизистон собиқ вазири корҳои хориҷиашро дар Тоҷикистон сафир таъйин кард

Апрель 13, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Содир Жапаров фармонеро имзо кард, ки тибқи он Эрлан Абдилдаев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Дар ин бора 12 апрел дар сомонаи президенти Қирғизистон хабар дода шудааст, иттилоъ  медиҳад АМИТ «Ховар».

Сафири 56-сола дар ин мақом роҳбари намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбекови 72-соларо иваз кард, ки аз соли 2018 дар ин мақом буда, 2 феврали соли 2022 аз вазифа барканор шуд.

Роҳбари нави намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Душанбе вазири собиқи корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Эрлан Абдилдаев интихоб шуд.

Абдилдаев Эрлан Бекешович 21 июли соли 1966 дар Алмаато дар оилаи коргардони кино таваллуд шудааст. Маълумоти олиро дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС бо ихтисоси «муносибатҳои байналмилалӣ» гирифтааст.

Дар солҳои аввали кор дар Раёсати давлатҳои сотсиалистии Осиёи ВКХ ИҶШС кор мекард.

Бо шарофати донистани забонҳои чинӣ ва англисӣ аз соли 1989 то соли 1994 дар Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Русия дар ҶМЧ ба кор ҷалб шуд.

Аз соли 1997 ба ҳайси мушовир-коршиноси шуъбаи байналмилалии Дастгоҳи Президенти Қирғизистон адои вазифа карда, соли 2001 Сафири Фавқулода ва Мухтори ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин сафири ғайрирезидентӣ дар Муғулистон, Сингапур ва Таиланд таъйи шудааст.

Соли 2012 ба вазифаи Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъйин гардид.

Ӯ унвони доктори фахрии Донишкадаи равобити байналмилалии Москваи Федератсияи Русия ва профессори фахрии Академияи дипломатии Ҷумҳурии Мардумии Чинро дорад.

Миёни ҷоизаҳои давлатии дипломат ордени «Дӯстӣ» мавҷуд аст, ки барои саҳми бузургаш дар таҳкими равобити Русия ва Қирғизистон ба он сазовор шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 13, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд