КАФИЛИ АМНИЯТУ СУБОТ. Имрӯз ба таъсиси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 сол пур шуд

Апрель 10, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 10.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел аз рӯзи таъсиси Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ гардид. Доир ба таъсис ва фаъолияти минбаъдаи ин ниҳоди эътимодбахш хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Рауфзода ҳамсуҳбат гардид.

Суҳроб Рауфзода зимни суҳбат бо ёдоварӣ аз Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993, ки тибқи он Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, гуфт, ки мо онро ҳамасола таҷлил мекунем.

Дар робита ба ин рӯз ва ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои баланди омодабошии ҷангӣ ва интизоми намунавии ҳарбӣ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ корҳои омодагӣ роҳандозӣ гардида, имрӯз ба ин муносибат дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ барномаҳои ҷашнӣ баргузор мешаванд.

Чунон ки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пуршарафи Қӯшунҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад, ин сохтор соли 1993 ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро аз сифр оғоз кардааст.

Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи мамлакат ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳайати шахсии он аз замони таъсис то имрӯз вазифа ва уҳдадориҳои хизматии худро содиқона ва софдилона иҷро мекунанд.

Ин ниҳоди боэътимод сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва аввалин сохтори ҳарбии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад, зеро дар даврони шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ҷуз  се қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ИҶШС, дивизияи 201-ум ва заставаҳои сарҳадии Кумитаи бехатарии давлатии ИҶШС дигар воҳиди ҳарбӣ қарор надошт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дивизияи 201-ум ва заставаҳои сарҳадӣ пурра ба ихтиёри Федератсияи Русия гузашта, танҳо се  қисми ҳарбӣ дар ихтиёри давлати тозаистиқлоли мо нигоҳ дошта шуданд. Дар заминаи ин қисмҳои ҳарбӣ ва қисмҳои ҳарбии нав  10 апрели соли 1993 ба таври расмӣ Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шуд.

Мавсуф дар мавриди фаъолияти хизматӣ-ҷангии қӯшун иттилоъ дода иброз кард, ки афсарон, прапоршикон ва сержантону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали ташкили қӯшун намунаи ибрати тамоми ҳайати шахсии сохторҳои ҳарбии кишвар буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.  Мо шоҳиди онем, ки дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандориро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон доданд. Инҷо маҳз хизматҳои афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-ро оид ба таъмини амнияти вакилони мардумӣ дар давраи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд таъмини амнияти ҳайати нави Ҳукумати тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи интиқол ба пойтахти ҷумҳурӣ зикр намудан бамаврид аст.

Ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии 5453 ва 3502 дар рафти амалиёти махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ҳамеша пешсафи тамоми набардҳо буданд. Ҳудуди амалиёти ҷангии ин ду қисми ҳарбӣ дар давраи барқарорсозии сохти конститутсионии Тоҷикистон қариб тамоми масоҳати марказ ва ҷануби кишварро фаро мегирифт. Ин қисмҳои ҳарбӣ аз ибтидои соли 1993 то 2001 дар амалиёти ниҳоят мураккаб ва хавфноки дар дараи Ромит, ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, водии Вахш ва минтақаи Рашту Тавилдара  гузаронидашуда фаълона иштирок намуда, дар рафти он маҳорати баланди касбӣ нишон додаанд.


Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ то соли 2000 аз сарҳади ҷанубии кишвар то ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону вилояти Суғд амалиёти хизматию ҷангиро  ҷиҳати халъи силоҳ ва безарар гардонидани дастаҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, таъмини амнияти мардум, ҳифзи иншооти муҳим ва махсусан муҳими давлатӣ иҷро мекард. Дар роҳи муборизаҳо барои сулҳу осоиши кишвар, ки аксар вақт бо баҳои ҷон анҷом мегирифт,  қариб 600 нафар сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ шаҳид (рӯҳашон шод бод) ё  беному нишон гаштанд.

«Хотираи шаҳидон ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш нагашта, ҷасорату диловарии онҳо, сабқати матонату фидокориҳо барои насли имрӯзу фардои ватанпарварони асил хоҳад буд»,-гуфт Суҳроб Рауфзода. Инчунин ӯ зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбии дар давраи барқароркунии сохти конститутсонӣ фавтида ғамхории зиёд зоҳир намуда, дар арафаи иду маъракаҳо ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд.

Аз оғози таъсис то ба имрӯз 78 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида  шудаанд, ки ин аз ғамхории зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба ҳайти шахсӣ шаҳодат медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар рӯҳияи ҷангии афсарони сарбозону имрӯзаи Қӯшунҳои дохилӣ низ саъю талошҳои ҳамеша пешсафи ҷабҳа будан, ноил гаштан ба ғолибият чун анъана ҷой дорад. Ин ҳиссиёт аз тарбиятгарони варзидаи қӯшунҳо, ба мисли генералҳо Шовалӣ Саидамиров, Ҳабибулло Юсупов, Абдуманнон Ғозиев, Суҳроб Қосимов, Абдулазиз Исмоилов ва даҳҳо собиқадорон ба мерос мондааст.


Яке аз омилҳои асосии ба баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии воҳиди ҳарбӣ мусоидаткунанда- ҷалби ҳайати шахсӣ ба машқҳои амалии тактикӣ мебошад. Дар ин раванд Қӯшунҳои дохилӣ ҳамасола ба таври мустақилона ё муштарак бо дигар воҳидҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои тактикӣ доир намуда, ба ин васила маҳорати касбии ҳайати шахсиро такмил медиҳад. Ҳамзамон ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар машқҳои тактикии муштарак бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратии мамлакатҳои ИДМ- «Сипар», «Сипари ҷануб», машқҳои зиддитеррористии «Антитеррор – 2006» фаъолона ширкат варзида, нишондодҳои онҳо ба дараҷаи хеле фарқкунанда ва мусбат арзёбӣ мегарданд.

Махсусан, соли 2005 иштироки онҳо дар машқҳои муштараки дар дараи Марғоби шаҳри Ваҳдат баргузоргардида сазовори баҳои баланди нозирони баландпояи банналмиллалӣ гашта, унвони «Уқобони кӯҳӣ»-ро соҳиб гаштанд.

Соли 2015 бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар машқгоҳи саҳроии «Марғоб»-и Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои муштараки зиддитеррористии воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо номи рамзии «Ҳамкорӣ-2015» баргузор гардид, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ низ дар он ширкат варзида, дар радифи дигар воҳидҳо маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.


Ҳайати шахсии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбии 5453 ва 3502 аз оғози таъсиси қӯшун то имрӯз дар тамоми амалиёти муштараки зиддитеррористии сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди кишвар гузаронида шуда буданд, инчунин дар чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ зимни сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, ташрифи меҳмонони олиқадри хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва дигар чорабиниҳои хизматии мақомот фаъолона иштирок намудаанд.

Вобаста ба саҳми Қӯшунҳои дохилӣ дар таҳкими амнияти сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бояд гуфт, ки тибқи супориши алоҳидаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб қувваю воситаҳои Қӯшунҳои дохилӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба хизмати ҷангӣ ҷалб гардида, дар ин раванд 4 дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ ва 12 постгоҳҳои бо тариқи шабонарӯзӣ фаъолияткунанда таъсис дода шудаанд.

Барои пешбурди хизмат ва будубоши ҳайати шахсӣ дар минтақаи хизматӣ инфрасохтори мусоид ба истифода дода шудааст. Ба замми ин воҳидҳои ҷангии Қӯшунҳои дохилӣ вобаста ба тақвияти амнияти сарҳади давлатӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ вазифаҳои хизматӣ-ҷангии худро доранд.


Таъмини омодабошии ҷангии қисму воҳидҳо дар татбиқи чорабиниҳо оиди ташкили тайёрии ҷангию такмили маҳорати касбии ҳайати шахсӣтаҷассум ёфта, барои иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣомода будани ҳайати шахсиро ифода менамояд.

Машғулияти таълимӣ вобаста ба фанҳои тайёрии оташфишонӣ, сафороӣ, ҷисмонӣ, муҳандисӣ, техникӣ, тиббӣ, алоқа, тактикаи умумиқӯшунӣ, тактикаи махсус, муҳофизат аз силоҳи қатли ом ва ғ. ба роҳ монда шуда, дар шаклҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бо сабзавоти полезӣ, меваҷот ва гӯшту шири истеҳсоли худӣ таъмин намудани ҳайати шахсии тибқи даъвати қушун, соли 2013 дар назди Раёсати қушунҳои дохилӣ Муассисаи давлатии «Хоҷагии ёрирасони РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва оғоз аз ҳамин сол дар назди қисмҳои ҳарбӣ фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасон ба роҳ монда шуд, ки самтҳои асосии фаъолияти онҳо ба кишоварзӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва парвариши занбӯри асал равона гардидааст.

Фаъолияти кишоварзии Муассисаи давлатии «Хоҷагии ёрирасони РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи  47,7 га қитъаи замин ба роҳ монда шудааст.

Ба қисми ҳарбии 3502 5 га замини лалмӣ вобаста гардида,  ҳамасола дар он кишти гандум ё ҷав гузаронида мешавад. Аз соли 2015 инҷониб дар масоҳати то 1 га замини солиёни тӯлонӣ дар назди қисми ҳарбӣ бекорхобида кишти зироати полезӣ гузаронида мешавад, ки ба боз ҳам ғанӣ гардонидани дастархони сарбозон мусоидат мекунад. Давоми соли 2016 дар қисми ҳарбии  3502 дар масоати 4 га боғи ангур, зардолу ва гелос бунёд карда шуд.

Баҳори соли 2020 дар теппазаминҳои атрофи қисми ҳарбии 3502 дар масоҳати 2,5 га боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд карда шуда, барои сабзазоркунии боғи навбунёд ва дигар қитъаҳои замини қисми ҳарбии номбурда аз деҳаи Гулпистаи ноҳияи Рўдакӣ тавассути қубури андозаи 50 мм ба масофаи 2 500 метр оби таъйиноти полезӣ кашида оварда шуд.

Ҳамзамон тибқи дастури Сарвари давлат, ки дар ҷараёни боздид аз қисми ҳарбии 3502 дар Рӯзи милитсия 10 ноябри соли 2021 ироа доштанд, дар мавсими ниҳолшинонӣ соли равон дар теппазамини қисмати шарқии қисми ҳарбии зикршуда бо шинонидани 5 600 бех ниҳол, аз ҷумла 1000 бех зардолу, 4 000 бех олу,  200 бех олуболу, 200 бех себ ва 200 бех нок дар масоҳати 4,5 га боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд карда шуд.

Ҳамасола дар заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон дар се мавсим (тирамоҳ, баҳор ва такрорӣ) кишти зироати мавриди ниёзи ҳайати шахсию чорвои қӯшун кишт карда мешавад ва маҳз аз самараи фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасон ҳамасола сатҳи таъминоти ҳайаии шахсӣ бо маводи хӯрокворӣ  ба ҳисоби миёна ба ҳадди то 5-8 % беҳтар гардонида мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»/ВКД ҶТ/манбаъҳои боз

Апрель 10, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ гурӯҳи кории корманд-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои таъмини амният дар Бадахшон қадрдонӣ шуд
Дар Хатлон марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2022» идома дорад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Тоҷикистон доир мешавад
Музаффар Ашуриён бо Вазири адлияи Русия Константин Чуйченко мулоқот намуд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Дар Душанбе фурӯшандагони силоҳи сард дастгир гардиданд
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон ҳамоиши методӣ-таълимӣ баргузор гардид
ДАР АФҒОНИСТОН БОЗ МУСИБАТ. Бар асари заминларза беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки дар робита ба фоҷеа ба ин кишвар кумак намоянд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав таҳия гардид
ДАР АФҒОНИСТОН ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД РУХ ДОД. 280 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 600 кас ҷароҳат бардоштанд
КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ — 2022. Таҳти ин унвон дар як қатор шаҳрҳои Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ гузаронида мешаванд
Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид
СИТОДИ БАЙНИИДОРАВӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави ВМКБ ба пуррагӣ қатъ карда шуд